Қалъаи Ямчун
Қалъаи Ямчун, яке аз мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола сайёҳони дохилию хориҷӣ аз он дидан менамоянд.
Дар охири ҳазораи якуми то мелод бо сабаби ҷанг аз тарафи ҳамсоя кишварҳо ҳамчунин бо мақсади назорати ҳаракати одамону молу мулк аз тарафи Помир ба сӯи Бохтар,Ҳинд аа Эрон ва баракс сохтмони ин қалъаҳо оғоз ёфта буданд.Яке аз онҳо ин қалъаи Ямчун (ҳамчун бо номи Кофир қалъа) маъмул аст дар асри 3-и пеш аз мелод дар болои теппаназди дарёи Ямчун сохташуда буд.Аз баланди хело назаррас аст шакли секунҷаи қалъа, ки иборат аз се қисм аст.Такягоҳи якум иборат аз қалъа ва артишхона.Онҳо бо девори баланд ки ғафсиаш то 1,5 метр буданд сохта шудаанд.Ду такягоҳи дигар барои масъалаҳои ҷангӣ махсус гардонида шуда буданд.Гирдогирди девори ин ҷой иборат аз 36 қалъа буданд, ки ниҳоят дар он замон усувор ба шумор мерафтанд.Дарозии девори қалъа 950 метр ва бараш то 400 метр буд.Деворҳои қалъа дуқабата буда, хело муракаб мебошанд ва дар сохтмони он устоҳои болаёқат ҷалб шудаанд.Қисмати берунии девори қалъа то 2 метр ғафсӣ дошта аз сангҳои ҳамвори тахташакл бо олудаи хоки қумшакл сохта шудаанд.Қисмати даруни девори қалъа ҳам сангин аст, вале иборат аз сангҳои хурдшакл мебошанд (50-60см).Қалъа ҳамин хел сохта шуда буд, ки барои ҷанговарон аз боло ва даруни девори сутуншакли қалъа парондан мувофиқ бошад.Чунин қалъаи куҳан шаҳодати тамаддуни қадими мардуми тоҷикзаминро инъикос менамояд.Худбубинед, ки ин қалъа муҳорибаҳои зидди Искандар, Арабҳо, Муғулҳо, Ӯзбекон, Русҳо ва ғайраҳоро дидааст.