Чашма дар масофаи 80 км аз шаҳри Хоруғ ва 27 км то маркази ноҳия дар соҳили чапи дарёи Панҷ дар баландии 2415 метр аз сатҳи баҳр воқеъ мебошад.
Маълумот дар бораи чашмаи Авҷ бори аввал аз тарафи олимони рус Прокопенко Н.М дар соли 1930 ва дар соли 1931 аз тарафи Н.С .Котова дода шуда буд, ки навишта буданд: “Об аз қаъри замин бо шикофии вертикалӣ фаввора мезанад”. Ҳарорати оби маъдании чашмаи Авҷ 34-30оС буда, дар таркиби об элементҳои ангезандаи ҳаёт, монанди литий, оҳан, никел, фтор рӯҳ, бром мавҷуданд.
Тавсифи таркиби кимёии оби чашмаи Авҷ ба навъи обҳои маъдании гази карбондори каммаъдани гидрокарбонату сулфату калтсии магнийтдори ширгарм дохил мешавад.Об ба мақсади нӯшидан, нӯшокии муолиҷавӣ, шустани меъдаву рӯда ва қабул намудани обзанҳои ҷузъӣ истифода бурда мешавад.
Оби чашмаи Авҷ касалиҳои зеринро табобат мекунад:
Касалиҳои дил варагҳои хунгард:
– касалии тарбоди дил (ревматизм) баъди паст шудани шиддатнокии касалӣ;
– ихтилоли таҷзияи мушакҳои дил (миокардио дестрофия);
– баландшавии фишори хун, давраи 1-ум дар марҳилаи “А”, “Б”, давраи 2-юм дар марҳилаи “А”.
Касалиҳои узвҳои ҳозима:
– ҳамаи намудҳои илтиҳоби доимии меъда дар давраи коҳиши шиддатнокии ҷараёни касалӣ;
– захми меъда ва рӯдаи 12- ангушта, баъди пастшавии ҷараёни касалӣ;
– қулинҷи музмин (колит) баъди сабукшавии муваққатии ҷараёни касалӣ;
– касалиҳои ҷигар, талхадон,маҷроҳои талхагузар баъди сабукшавии муваққатии ҷараёни беморӣ;
Вайроншавии мубодилаи моддаҳо:
– фарбеҳшавӣ аз хӯрдан ва ҳаракат накардан;
– фосфатурия, оксалатурия.
Касалиҳои гурда:
– касалии санги гурда, дар сурате, ки ҳаҷми санг аз 0,5 см калон набошад;
– илтиҳоби ғадуди простатит ва барбаха;
– вайроншавии фаъолияти узви таносул;
– илтиҳоби доимии косачаҳо, ҳавзак ва лаҳимаи (мағзи) гурда;
Касалиҳои шуш ва роҳҳои нафаскашӣ:
– зиқи нафас;
– газаки доимии пардаи нафас (бронхит).
Касалии узви босира:
– зафараи доимӣ;
– чашмдарди баҳорӣ;
Касалиҳои асаб:
– касалии системаи асаби ғайримарказӣ;
– вассоб (нералгия), илтиҳоби асаби атроф (неврит), илтиҳоби решачаҳои асаби ҳароммағз (радикулит).
Чашмаи маъдании Авҷ аз якбинои истиқоматии намуди ОША- 60 бо 60 кати хоб, ду меҳмонхонаи дорои 15 кати хоб иборат мебошад.