Ёдгориҳои беназири ноҳияи Ишкошим
Ҳар як халқу миллат соҳиби таъриху фарҳанги хеш буда, тавассути таъриху фарҳангашон ба оламиён муаррифӣ мегарданд.Таърихи халқи тоҷик низ реша ба қаъри асрҳо дорад ва аз мардуми бостонӣ буданашон башорат медиҳад.
Чун ба умқи таърих назар афканем, бараъло дармеёбем, ки мардуми Ишкошим дорои таърихи бойю пурғановат буда, ёдгориҳои таърихии бемислу монанд доранд, ки аз мардуми соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ва куҳанбунёд буданашон шаҳодат медиҳад.
Ишкошим бо табиати дилфиребу афсонавиаш дили оламиёнро тасхир намудааст.Ҳар як сангу хок, обу чашма, кӯлу дара дар худ розеро ниҳон доранд, ки бо дидани ин мероси гаронбаҳо дили ҳар як бинанда ба ваҷд меояд. Афроде, ки ба чашмаҳои шифобахши Гармчашма, Авҷ, Биби Фотимаи Заҳро, Ширгин, Зонг, обҳои мусаффо, табиати нотакрор, манзараҳои асрорангези ин сарзамин назар афканад, мафтуну шайдои ин зебоӣ мегардад, ки илҳомбахши рӯҳу равони инсон мебошанд.Аз ин лиҳоз сайёҳони бешумори дохиливу хориҷӣ бо сад умеду орзу барои табобату истироҳат ва дидан намудан аз ин маконҳои дилкашу пурасрор ба ин минтақа ташриф меоранд.
Ишкошим бо ҳамаи осору ёдгориҳои таърихиаш як осорхонаи бостоншиносии кишвар маҳсуб меёбад.Тамоми ёдгориҳои таърихии ноҳияро, ки назирашон дар олам нест, қалъаҳо, ғорҳо, дидбонгоҳу тӯпхонаҳо, катибаҳои рӯйи сангӣ ташкил медиҳанд.Ин ёдгориҳои таърихӣ бо мавқеи ҷуғрофӣ, манзараҳои дилфиреб ва таърихи қадимаашон аз давраҳои бостонӣ маълуму машҳуранд.
Чуноне, ки аз манбаҳои таърихӣ бармеояд, дар аҳди қадим мустақилияти сиёсии ҳокимони Вахон бештар будааст.Зеро хати асосии “Шоҳроҳи Абрешим” маҳз аз водии Вахон мегузаштааст.Ин роҳ натанҳо роҳи тиҷорат, балки роҳи сайёҳону ҷаҳонгардон, донишмадону зоирон ва дигар намояндагони қишрҳои ҷомеаи даврони бостонӣ ба шумор рафта , бад ин васила равобити фарҳангҳо ва тамаддунҳои гуногун сурат мегирифт.Тавассути ин роҳ зоирони буддоӣ аз Чину Таббат ба зиёрати маконҳои муқаддас ба Вахон меомаданду мӯбадони Зардуштӣ барои тарғиби таълимоти худ гоҳ ба Шарқу гоҳ ба Ғарб раҳсипор мегардиданд. Маҳз бо шарофати ин роҳ дар масири он истиеҳкомот ва низоми қалъабандии қавие бунёд гардидааст, ки дар он замон кафолати бехатарии ин сарзамин ва шоҳроҳро таъмин менамуданд.
Далели ин гуфтаҳо қалъа ва дидбонгоҳи деҳаи Ратм, Абрешимқалъа дар деҳаи Зонг,қалъаи Буддоӣ, Умбуқ, ғорҳо дар деҳаи Вранг,Қалъаи деҳаи Ямчун, қалъа ва дидбонгоҳи деҳаи Даршай, қалъаи Қаҳ-қаҳаи деҳаи Намадгут ва амсоли инҳо шудан метавонанд.
Қалъаи овозадори Ямчун дар қуллаи баландии кӯҳ, ки аз чор сӯ онро нишебии сангзор иҳота намудааст воқеъ буда, бостоншиносон онро ба асри яки пеш аз мелод мутааллиқ мешуморанд.Тибқи ривоятҳо мегӯянд, ки масолеҳи бинокории қалъаи Ямчунро одамони он замони дур дасти ба даст дар тӯли фарсахҳо бар ба бар истода, аз водии Афғонистон ба ин баландӣ расониданд.
Қалъаи Қаҳ-қаҳа низ аз қадимтарин ва муҳташамтарин иншоотҳои меъмории аҳди қадим ба шумор рафта, аз тарафи бостоншинос ба асри сеи пеш аз мелод ба давраи Кушониён мутааллиқ дониста шудааст.
Сохтмон ва санъати меъмории қалъаҳои ноҳия далели онанд, ки гузаштагони мо аз санъати меъморӣ огаҳӣ доштаанд, зеро то ҳанӯз ин иншоотҳо намуди зоҳирии худро гум накардаанд.
Инчунини дигар дар Ишкошим катибаҳои рӯйи сангии деҳаи Лангар, Даршай, Намадгут, Рен, Сист ҳамчун ёдгории таърихӣ мавҷуданд, ки бостоншиносон онро ба асри биринҷӣ маҳсуб донистаанд.Таърихи бойигарии ноҳия бо ин қалъаву дидбонгоҳҳо ба анҷом намерасад, чашмаҳои шифобахш ва мавзеъҳои сайёҳии он низ таъриху пайдоиши худро дороанд.
Мебояд шукрона аз сулҳу субот намуд, ки дар чунин сарзамини ободу осуда умр ба сар мебарему баҳри муаррифии асолати ниёгони хеш шароитҳои мусоид дорем.Тамоми ёдгориҳои таърихии ноҳия аз тарафи гузаштагони соҳибфарҳанги мо нигоҳдорӣ гардида, аз насл ба насл ҳамчун мерос, то замони мо расидаанд.
Бештари ёдгориҳои таърихии ноҳия ҳифз ва нигоҳдорӣ нагардида, рӯ ба нестӣ овардаанд, ки аз онҳо танҳо ном боқӣ мондаасту халос.Ба чунин ёдгориҳои таърихӣ Руботи корвонсаройи Доркэшт ,Кофарқалъа дар деҳаи Рен, қалъаи деҳаи Исор, Дидорқалъа дар Ишкошим ва амсоли инҳо дохил мешаванд.
Дар вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва ҷаҳонишавии босуръат ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки мероси ниёгони хешро ҳифз намуда, ба ояндагон онро ба мерос гузорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд кардаанд: “Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат – ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад”.
Оре, он миллате, ки мероси гузаштагонро эҳтиром ва ҳифз намекунад, ба мисли халқу қавмҳои гумноми таърих дер ё зуд аз байн рафта, ба фаромӯшхонаи таърих меафтад.
Аз ин лиҳоз ба рушди сайёҳии кишвар аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, пайваста чораҳои мушаххас андешида мешаванд.
Баҳри ҷалби бештари сайёҳон ва муаррифии таъруху тамаддуни ноҳия тамоми ёдгориҳои таърихии ноҳия дар баробари ҳифз ва нигоҳдорӣ ба таъмиру тармим ниёз доранд, то ин ки он ёдгориҳои таърихӣ, ки бозгуйи таъриху фарҳанги мо мебошанд ба наслҳои оянда ба мерос гузошта шаванд.Пас ҳар як фарди солимфикрро зарур аст, ки дар ҳифзу нигоҳдории ин ёдгориҳои беназир саҳмгузор бошанд.Чунки Ишкошим ҳамчун беҳтарин минтақаи сайёҳӣ дар дунё ба шумор рафта, аз тамоми ҷаҳон сайёҳонро ба сӯйи худ мекашад.
Султонбекова Фотима
мудири бахши рушди сайёҳии МИМҲД-и ноҳияи Ишкошим