Таърих
Ишкошим яке аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони кишвар буда, таърихи ин сарзамин аз даврони қадим ибтидо гирифтааст. Маънои калимаи Ишкошим “Сакошим” яъне ватани Сакоиҳо мебошад.Сакошим дар асрҳои VII-VI-и пеш аз мелод маркази маъмурии қавмҳои ориёитабор –тоифаҳои ҳинду эрон будааст. Шоҳроҳи овозадори кулли Осиё, яъне “Шоҳроҳи Абрешим” аз ҳамон давра аз ҳудуди водии Вахони ноҳияи Ишкошими ҳозира мегузашт.
Ноҳияи Ишкошим 27 октябри соли 1922 дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шуд.
Ноыияи Ишкошим бо ьойыои хушманзараву ёдгориыои таърих=, обыои минералии шифобахш, нарзаныо машыури сартосари ьумыур= ва хориьӣ гардидааст. Ҳамасола аз тамоми гӯшаю канори мамолики дуру наздик теъдоди зиёди беморон барои табобат, сайёҳони зиёде барои сайёҳат ба ноҳияамон ташриф меоваранд.Ҳамзамон бояд қайд намуд,ки ноҳияи Ишкошим дорои 103 ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ, 26 чашмаҳои гарму дармонбахш ва зиёда аз 118 намуди гиёҳҳои шифобахш мебошад.
Дар ноыияи мо минтақаҳои истироҳатӣ, барои ҷалби туристон ба монанди истироҳатгоҳҳои Гармчашма, Авь, Биби Фотимаи Заыро ва мавзеъыои тамошобоб, Щалъаи Щаыщаҳи деыаи Намадгут, Щалъаи Буддоии деыаи Вранг, Щалъаи Ямчун, Петроглиф (навиштаьотыои р\и санг)-и деыаи Лангар, Аждаҳорсангӣ деҳаи Ширгин, осорхонаи Муборакщадами вахонӣ дар деҳаи Ямг, Шоыщамбари офтоби деыаи Лангар, осорхонаи Ансории деҳаи Вранг ва осорхонаи муассисаи таысилоти умумии №21-и ба номи Иброыим Исмоилови маркази ноыия мебошанд, ки барои ьалб ва таваььуыи туристон мавьуд аст.
Ыар сол щариб аз 1000 то 1100 нафар сайёыони дохилию хориьии кишвар аз ин ьойыо ва манзараыо дидан мекунанд.
Хушбахтона имрӯз аз тарафи шахсони алоҳида бо дастгирии БҶИИМК-и хазинаи Оғохон ва соҳибкорони маҳаллӣ меҳмонхонаҳо дар ьамоати деыоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков – 6 адад, Зонг-9 адад, Вранг-12 адад, Птуп- 5 адад Аскар Замиров-4 адад сохта шуда, ки хизматрасониро ба сайёыони хориьиву дохилии ьумыур= ба роы мондаанд. Боиси ифтихор аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаълаи “Қаҳқаҳ”-и Ямчун дар баробари дигар осорҳои пурарзиши таърихии ҷаҳон ба рӯйхати феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО ворид гардид, ки ин ҳам таваҷуҳи сайёҳонро зиёд намуда воридшавии сайёҳон зиёд мегардад.