Дар бораи мо

Маълумотномаи

ноҳияи Ишкошим

Тақсимоти маъмуриву ҳудудии ноҳияи Ишкошим. Ноҳияи Ишкошим воҳиди маъмуриест,ки ба ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.Ишкошим дар қисмати ҷануби ҷумҳурӣ дар соҳили дарёи Панҷ ҷойгир буда,аз самти шимол бо ноҳияҳои Шуғнон ва Роштқаъла, аз шарқ бо ноҳияи Мурғоб ва аз ҷануб бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад мебошад.Бештари  масоҳати ноҳияро қаторкӯҳҳои Шоҳдара аз шимол ва дарёи Панҷ –аз ҷануб водиҳои Ғорону Вахон ташкил медиҳанд .Қуллаҳои баландтарини ноҳия Маяковский 6096 м ва Карл Маркс 6726 м аз сатҳи баҳр ҷойгир буда ба шумор мераванд.Масоҳати умумии ноҳия 3656 км2-ро ташкил дода, фосилаи байни маркази ноҳия то вилоят –шаҳри Хоруғ 105 км ва то шаҳри  Душанбе 652 км-ро ташкил медиҳад.

Ноҳия аз 7 ҷамоати деҳот (ҷамоати ба номи Рустамбек Юсуфбеков,Ҷамоати деҳоти Зонг,Вранг, Птуп, Шитхарв,Қозидеҳ ва ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров) иборат буда 45 деҳаро дар бар мегирад.

Ҳарорат

Ноҳияи Ишкошим аз сатҳи баҳр дар баландии 2200 то 3600 метр ҷой гирифта,иқлимаш хушки континентиалӣ  мебошад.Ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳи январ -8, 3С0 ва моҳи июл +19,8 С0-ро ташкил  дода, ҳадди боришоти миёнаи солона  ба 94 мм баробар аст.

Дар ҳудуди ноҳия қариб ҳамаи дарахтони зинатбахшу мевадор (себ,нок,олу,олуча,зардолу),растаниҳои даштӣ ва бешадаштӣ мерӯянд.

 

Таърих

Ишкошим яке аз ноҳияҳои дурдасти  кӯҳистони кишвар буда, таърихи ин сарзамин аз даврони қадим  ибтидо гирифтааст. Маънои калимаи Ишкошим  “Сакошим” яъне ватани Сакоиҳо мебошад.Сакошим дар асрҳои VII-VI-и пеш аз мелод маркази маъмурии қавмҳои ориёитабор –тоифаҳои ҳинду эрон будааст. Шоҳроҳи овозадори кулли Осиё, яъне “Шоҳроҳи Абрешим” аз ҳамон давра аз ҳудуди водии Вахони ноҳияи Ишкошими ҳозира мегузашт.  

Ноҳияи Ишкошим 27 октябри соли 1922 дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шуд.

Ноыияи Ишкошим бо ьойыои хушманзараву ёдгориыои таърих=, обыои минералии шифобахш, нарзаныо машыури сартосари ьумыур= ва хориьӣ гардидааст. Ҳамасола аз тамоми гӯшаю канори мамолики дуру наздик теъдоди зиёди беморон барои табобат, сайёҳони зиёде барои сайёҳат ба ноҳияамон ташриф меоваранд.Ҳамзамон бояд қайд намуд,ки ноҳияи Ишкошим дорои 103 ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ, 26 чашмаҳои гарму дармонбахш  ва зиёда аз 118 намуди гиёҳҳои шифобахш мебошад.

         Дар ноыияи мо минтақаҳои истироҳатӣ, барои ҷалби туристон ба монанди  истироҳатгоҳҳои Гармчашма, Авь, Биби Фотимаи Заыро ва мавзеъыои тамошобоб, Щалъаи Щаыщаҳи деыаи Намадгут, Щалъаи Буддоии деыаи Вранг, Щалъаи Ямчун, Петроглиф (навиштаьотыои р\и санг)-и деыаи Лангар,  Аждаҳорсангӣ деҳаи Ширгин, осорхонаи Муборакщадами вахонӣ дар деҳаи Ямг,  Шоыщамбари офтоби деыаи Лангар, осорхонаи Ансории деҳаи Вранг  ва осорхонаи муассисаи таысилоти умумии №21-и ба номи Иброыим Исмоилови маркази ноыия мебошанд, ки барои ьалб ва таваььуыи туристон мавьуд аст.

Ыар сол щариб аз 1000 то 1100 нафар сайёыони дохилию хориьии кишвар аз ин ьойыо ва манзараыо дидан мекунанд.

Хушбахтона имрӯз аз тарафи шахсони алоҳида бо дастгирии БҶИИМК-и хазинаи Оғохон  ва соҳибкорони маҳаллӣ   меҳмонхонаҳо дар ьамоати деыоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков – 6 адад, Зонг-9 адад, Вранг-12  адад, Птуп- 5 адад Аскар Замиров-4 адад  сохта шуда,  ки хизматрасониро  ба сайёыони хориьиву дохилии ьумыур= ба роы мондаанд. Боиси ифтихор аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаълаи “Қаҳқаҳ”-и Ямчун дар баробари дигар осорҳои пурарзиши таърихии ҷаҳон ба рӯйхати феҳристи ёдгориҳои таърихии  ЮНЕСКО ворид гардид, ки ин ҳам таваҷуҳи сайёҳонро зиёд намуда воридшавии сайёҳон   зиёд мегардад.

           

Аҳолӣ

Дар асоси маълумотҳои оморӣ шумораи аҳолии ноҳия 32412   нафарро ташкил медиҳад.Таркиби этникии аҳолиро 100 фоиз тоҷикон ташкил медиҳанд.

 Инфрасохтор

Меҳмонхонаҳо -10

Хомстейҳо  -22

Тарабхона  – 2

Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ – 9

 

Ошхонаҳо -18

Осорхонаҳо-5

Беморхонаҳо-3

Бунгоҳҳои тиббӣ -20

Фурудгоҳ-1

Ҷойҳои тамошобоб -5

Обектҳои таърихӣ

Петроглифҳои Лангар

Қаълаи Абрешим дар деҳаи Зонг

 Маъбади буддои  дар деҳаи Вранг

Умбуқ дар деҳаи Вранг

Тақвими сангӣ ва чиллахона дар деҳаи Ямг

Қаълаи Ямчун

Тӯпхона дар деҳаи Даршай

Қаълаи Қаҳқаи деҳаи Намадгут

Кофирқаъла дар деҳаи Рен

 

Ҷойҳои муқаддас

Мазори Шоҳимардон

Мазори Шоҳқамбари Офтоб

Мазори Шоҳисомиддин

Мазори Хоҷаи Хизр

Мазори Гесуи Балогардон

Мазори Чилтан

Мазори Занҷири Каъба

Мазори Шоҳмубораки Валӣ

Мазори Бобои хокӣ

Мазори Чилмурид

Мазори Шоҳ Абдуллоҳи Ансорӣ

Мазори Офоқмуҳаммад

Мазори Биби Ҳалима

Қуллаҳо

Қуллаи Маяковский

Қуллаи Карл Маркс

Сомонӣ

Сафархоҷа

Носири Хисрав

 

 

                                                 Кӯлҳо

Кӯли Кофар

Кӯли Аспо

Кӯли Полполосин

Кӯли Бетаг

Кӯли Дирч(Жуй)

Кӯли Жедирживҷ

Кӯли Ҳефз

Кӯли дараи Реш

Кӯли Лаълбегим

Ишматқӯл

Заркӯл

 

Нуқтаҳои хизматрасонӣ

 

Меҳмонхонаҳо – 9

Хомстейтҳо  -22

Тарабхона  – 2

Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ – 9

Ошхонаҳо -18

Осорхонаҳо-5

Беморхонаҳо-3

Бунгоҳҳои тиббӣ -20

Фурудгоҳ-1

Ҷойҳои тамошобоб -5

Ташнобҳои сарироҳӣ-4

Нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ-7

Банкоматҳо-1

Ҳунармандӣ

Дар ноҳия ба рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҳунармандон дар ярмаркаҳо ва чорабиниҳои гуногун иштирок менамоянд.

Абдураҳимова Ҷаҳонамо  (тибетрес)

Қадамалиева Сабадбоф     (сабадбоф)

Маҳтобова Хосият             (Тоқидӯз)

Айдарова Давлатбахт        (Тоқидӯз)

Илчибекова Хуршеда        (Қанод)

Раҳматуллоева  Зарина      (Нонпаз)

Ғуломшоева Олам              (Бофанда)

Вафобекова Гулрӯ      (Бофанда)

Ҷомикова Ҷаҳонгул      (Бофанда)

Шоалифова Силсиламоҳ (Сабадбоф)

Султонмамадов  Мирзомамад( Ҳунарманд)

Шаҳбозова Зарина  (Сабадбоф)

Масайнов Масайн  (Созтарош)

         Давлатмамадов Ширинбек (Гиёҳшинос)